Хабарҳо

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд дар муносибатҳои меҳнатӣ”
06 июн 2024

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд дар муносибатҳои меҳнатӣ”

Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки доираи васеъи кормандони Раёсат дар маҷлисгоҳ ва филиалҳои Бонк ба таври маҷозӣ вобаста ба эълон гардидани  соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд дар муносибатҳои меҳнатӣ”, доир гашт.


Амонатбонк ғолиби озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” гардид.
31 май 2024

Амонатбонк ғолиби озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” гардид.

Санаи 30 майи соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Бонки миллӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, маросими тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаи озмун барои дарёфти ҷоизаи “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” баргузор гардид.  


Тоҷикона мепӯшем
23 май 2024

Тоҷикона мепӯшем

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагони мо мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки зан -модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат буд, инчунин, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.


«Сайри пойтахт» бо кормандони Амонатбонк
23 май 2024

«Сайри пойтахт» бо кормандони Амонатбонк

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аҳли кормандони Раёсат ва филиалҳои Амонатбонк ба сайри пойтахт, шаҳри дилорои Душанбе баромаданд.


Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Амонатбонк
23 май 2024

Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Амонатбонк

Санаи 23-юми майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк